БАСКЕТБОЛ ШОТО

by 2K Games, Inc.

Libre


no disponible



Барномаи бози вертуалӣ бо мақсади ташфиқ ва маъмул намудани варзиши баскетбол байни наврасон ва ҷав...

Leer más

Барномаи бози вертуалӣ бо мақсади ташфиқ ва маъмул намудани варзиши баскетбол байни наврасон ва ҷавонон таҳия гардидааст. Барномаи мазкур ба мураббиёни тарбияи ҷисмонӣ ва ҷавонон ҳавасманд ба намуди варзиши баскетбол тавсия дода мешавад. Баскетбол яке аз бозиҳои маъруф байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо истифодаи тӯб мебошад. Қоидаи асосии ин бозӣ ҳаракат бо тӯб, ба сабади ҳариф тӯбро партофтан ва бо ҳамин тарз роҳ надодан ба дастаи ҳариф, ки тўбро ба сабади дастаи шумо партояд. Соли 1936 баскетбол ба барномаи Олимпӣ шомил карда шуд. Хеле дертар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои дарёфти қаҳрамони ҷаҳон байни мардон ва занон ба таври мунтазам оғоз карда шуд. Он барои мардон аз соли 1950 ва барои занон аз соли 1953 шурӯъ ёфт. Чемпионати Аврупо оид ба Баскетбол аз соли 1935 инҷониб ба таври доимӣ баргузор мегардад. Дар Аврупо мусобиқаҳои байналмиллалии баскетбол байни дастаҳои маҳфилӣ бештар баргузор мегарданд: ҶомиАврупо, Ҷоми даъватӣ, Евролига, Лигаи ягонаи муттаҳиди чемпионҳо. Мусобиқаҳои бонуфузтарин ва маъмултарин дар ин намуди варзиш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дарёфти қаҳрамони ҷаҳон – қаҳрамони Ассотсиатсияи Миллии Баскетбол (НБА) баргузор мешаванд. ТАЪРИХИ БАСКЕТБОЛ Таърихи Баскетбол аз фасли зимистони соли 1891, штати Массачусетс, шаҳри Спрингфилд, Коллеҷи Ассотсиатсияи масеҳи ҷавонон оғоз меёбад. Донишҷуёни коллеҷ дар фасли сармо дар синфхонаҳо аз машқҳои якранги гимнастикӣ зиқ гардида буданд. Дарон давраҳо ин ягона роҳ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон ҳисобида мешуд. Лозим буд, ки ба таври фаврӣ ба ин якрангӣ хотима бахшида шавад, то ба қобилияти рақобати мусобиқавии ҷавонони қавӣ ва солим ҷавобгӯ бошад.Роҳи ин масъаларо муаллими хоксори коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ Ҷеймс Нейсмит, ки имрӯзҳо асосгузори баскетбол шинохта мешавад, пайдо кард. Дар дарси тарбияи ҷисмонӣ санаи 1 декабри соли 1891 ӯ қарор дод, ки ду сабади шафтолуро дар ду тарафи деворҳои толори варзишӣ часпонад. Баъд ҳаждаҳ нафар дониҷуёнро ба ду даста тақсим намуд. Ба онҳо ин бозии навро пешниҳод намуд ва қоидаҳои бозиро ба онҳо тартиб дод, то дастаҳо дар муддати вақти муайяне ба сабадҳои дастаи ҳамдигар бештар тӯб партоянд. Дастаи ғолиб дастае дониста мешуд, ки бештар тӯбро ба сабади дастаи ҳарифи худ мепартояд. Ҷеймс Нейсмит барои пайдоиши бозии нав, ки худ тасаввур надошт то чӣ андоза он дар оянда маъмул ва маъруф хоҳад шуд, таҳкурсӣ гузошт.Бозии нав «Баскетбол» номида шуд, (аз калимаи англисӣ basket – сабад ва ball - тӯб). Дар ибтидо ин бозӣ ба баскетболи имрӯза шабоҳати кам дошт. Дар оғоз ҳаракат бо тўб мавҷуд набуд. Бозингарон дар ҷой истода ҳаракат менамуданд. Ба ҳамдигар тӯбро ҳаво медоданд, то шахси дар наздики сабадбуда онро ба даруни сабад партояд. Як нафар шахс бо истифода аз нардбон мебоист ҳар дафъа тўбро аз даруни сабад гирад ва ҳамин тариқ бозӣ идома меёфт. Ба назари мо чунин менамояд, ки ин бозӣ дар он вақт камҳаракат буд, вале муаллим Нейсмит ин бозиро аз сабаби бозии гўруҳӣ буданаш ташкил намуд, то дар он ҳарчӣ бештар бозингарон ширкат варзида тавонанд. Дар он давраҳо ин талабот бозингаронро қонеъ карда тавонист.